Замоне Фирдавс Ёрматов сарчашма ва ё мутахассисони хуби соҳаи барномасозиро пайдо карда наметавонист, он вақт чун имрӯз курсҳои хуб қариб ки набуд. Ӯ донишро дар интернет меҷуст, ки ин роҳ низ душвории худро дошт. Ба мушкилии дастнорасӣ нигоҳ накарда, вай омӯзишро мустақилона давом дод, аз мақолаву маълумоти муфиде, ки дар блогу сомонаҳои барномасозони хориҷӣ ҷой дода мешуд, омӯхт. Имрӯз дастаи ӯ экосистемаи рақамии “BARAKAT”-ро бо абзорҳои зеҳни сунъӣ таҳия мекунад, моделҳои маҷозии манзилҳоеро месозад, ки ҳанӯз бунёд нашудаанд ва бо соҳибкорони на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон низ ҳамкорӣ дорад. Your.tj дар суҳбат бо Фирдавс Ёрматов огоҳӣ ёфт, ки чӣ тавр ӯ корро аз сифр оғоз карда, имрӯз рӯ ба рушд аст. Вай бар ин назар аст, ки ҳатто мураккабтарин технология ҳеҷ арзише надорад, агар мушкили воқеиро ҳал накунад. Тасаввур кунед, ки шумо соҳиби чанд тиҷорат ҳастед; тарабхона, мағоза ва ширкати сохтмонӣ. Ҳар кадоми онҳо кормандон, муштариён, фурӯш ва ҳисоботи бешуморро дорост. Субҳ бо зангҳои телефонӣ оғоз мешавад, рӯз бо мукотибаҳои пайдарпай мегузарад. Бегоҳӣ зарурат пеш меояд, то маълум кунем, ки супоришро кӣ иҷро кард, фармоиш дар куҷо ба таъхир афтод ва чаро рақамҳои дар ҷадвалҳои овардашуда ба ҳам мувофиқат намекунанд. Акнун тасаввур кунед, ки ҳамаи ин маълумот дар як ҷо ҷамъ оварда шудааст. Шумо мебинед, ки дар ҳар як тиҷорат чӣ мегузарад, ҳар як корманд ба чӣ ҷавобгар аст ва кадом масъалаҳо ҳалли шуморо тақозо мекунад. Ҳатто зеҳни сунъӣ низ ба кормандон ёрӣ мерасонад, то бо маълумот корбарӣ кунанд. Маҳз чунин низомро бо номи BARAKAT дастаи барномасозон аз шаҳри Хуҷанд таҳия карданд. Муаллифи ин лоиҳа Фирдавс Ёрматов, асосгузори гурӯҳи ширкатҳои Tajsoft Group аст. Албатта, ин ягона дастоварди ширкати ӯ нест. https://your.tj/tj/history/az-qahvahonai-interneti-to-platformahoi-hudii-ai-chi-guna-barnomasoz-az-hujand-sohibkorii-tehnologi-mesozad