Дар Русия мехоҳанд баъзе муҳоҷирони меҳнатиро аз имтиҳони забони русӣ озод кунанд Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандони хориҷии барои кор ба корхонаҳои воқеъ дар минтақаҳои рушди пешрафта (ТОР) ҷалбшаванда аз супоридани имтиҳонҳои забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар озод карда шаванд. Тибқи иттилои нашрияи «Коммерсантъ», ин пешниҳод ба кормандони хориҷӣ новобаста аз кишвари омадани онҳо дахл дорад. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» рӯзи 12 октябр нашр шудааст. Дар санади шарҳдиҳанда гуфта мешавад, ки ҳадафи ташаббус фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва суръат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо мебошад. Дар Русия беш аз 90 минтақаи рушди пешрафта фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 1,5 ҳазор ширкат мақоми резидент доранд. Дар корхонаҳои ин минтақаҳо беш аз 140 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, аммо корфармоён аз норасоии нерӯи корӣ шикоят мекунанд. Ба гуфтаи коршиносоне, ки нашрия аз онҳо иқтибос овардааст, қабули ин тағйирот ҳуқуқи кормандони минтақаҳои рушди пешрафтаро бо дигар гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки аллакай аз чунин сабукиҳо бархӯрдоранд, баробар мекунад. Мутахассисон ҳамчунин қайд мекунанд, ки баъзе муҳоҷирон дар гурӯҳҳои кории маҳдуд фаъолият карда, бо сокинони маҳаллӣ қариб робита надоранд. Барои чунин кормандон имтиҳони забон ва қонунгузорӣ метавонад монеаи ҷиддӣ дар роҳи пайдо кардани ҷойи кор бошад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 13 Oct 2026, 03:54 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 83 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.