Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Муфтӣ: Ҷавонон бояд пеш аз тӯй ҳаёти оилавиро омӯзанд Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз афзоиши шумораи талоқ дар байни оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ ба омӯзиши ҳаёти оилавӣ машғул шаванд. Ӯ ин нуктаро дар наворе баён кардааст, ки Шӯрои уламо рӯзи 11 октябр нашр намуд. Ба гуфтаи Абдулқодирзода, омодагӣ ба издивоҷ бояд на танҳо ҷанбаҳои динӣ, балки масъалаҳои равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва муносибатҳои инсониро низ фаро гирад. Ӯ таъкид кардааст, ки барои пойдории оила ҳар ду ҳамсар масъуланд. Муфтӣ ба унвони мисол аз кишваре ёдовар шудааст, ки гӯё дар он ҷо 80–85 дарсади издивоҷҳо бо пошхӯрии оила анҷом меёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҷорӣ шудани курсҳои кӯтоҳмуддати омодагӣ ба ҳаёти оилавӣ ин нишондиҳанда то 25 дарсад коҳиш ёфтааст. Аммо ӯ номи ин кишварро зикр накардааст. Абдулқодирзода бар ин назар аст, ки чунин курсҳо ба ҷавонон барои беҳтар дарк кардани масъулиятҳои зану шавҳар ва омодагии огоҳона ба зиндагии муштарак мусоидат мекунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010012 Oct 13:0513 Nov 11:1610112 Oct 13:05: 0 views13 Nov 11:16: 101 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
12 Oct 2026, 13:050
13 Nov 2026, 11:16101

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.