Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Муовини вазири маориф ба дидори Васлидаи 9-сола рафт Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба дидори Васлида Сафарзода, духтари 9-сола аз шаҳри Гулистон рафт, ки наворҳои сурудхонии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни садҳо ҳазор нафар тамошобин пайдо кардаанд. Раёсати маорифи вилояти Суғд 12 октябр хабар дод, ки зимни мулоқот ба шавқу рағбати духтар ба мусиқӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаи истеъдоди ӯ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Ба иттилои манбаъ, бо назардошти вазъи саломатиаш Васлида ба таҳсили инфиродӣ фаро гирифта шудааст. Ӯ ҳамзамон ба мусиқӣ шавқи зиёд дорад. Наворҳои сурудхонии духтар чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, таваҷҷуҳи корбарони зиёдро ба худ ҷалб карданд. Яке аз вижагиҳои истеъдоди ӯ ин аст, ки барои эҷоди оҳанг аз ашёи ошхона ва пойафзол истифода мебарад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010012 Oct 10:0113 Nov 11:169312 Oct 10:01: 0 views13 Nov 11:16: 93 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
12 Oct 2026, 10:010
13 Nov 2026, 11:1693

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.