Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Суди олӣ ҳукми 12 соли зиндони навраси муттаҳам ба куштори ронандаи таксиро бекор кард Суди олии Тоҷикистон ҳукми навраси 17-соларо, ки моҳи июли соли ҷорӣ бо иттиҳоми куштори ронандаи таксӣ Лутфулло Сафарови 38-сола ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, бекор кардааст. Қарори мазкур 15 сентябр қабул шудааст. Дар ин бора Азия-Плюс хабар додааст Дар Суди олӣ шарҳ додаанд, ки парванда барои тафтиши дубора ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон фиристода шудааст. Наврас дар мурофиаи судӣ гуноҳи худро эътироф накардааст. Модари ӯ низ гуфтааст, ки писараш ба куштори мазкур даст надорад. Ба иттилои манбаъ, онҳо борҳо ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кардаанд ва дар пайи ин муроҷиатҳо парванда барои тафтиши такрорӣ фиристода шудааст. Дар ҳоли ҳозир наврас дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бохтар нигоҳ дошта мешавад. Ҷасади Лутфулло Сафаров рӯзи 4 апрел дар заминҳои кишоварзӣ пайдо шуда буд. Ба гуфтаи наздикони марҳум, ба ӯ нӯҳ зарбаи корд зада, мошинашро рабудаанд. Аз ӯ чор фарзанд боқӣ мондааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510012 Oct 09:5113 Nov 11:168712 Oct 09:51: 0 views13 Nov 11:16: 87 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
12 Oct 2026, 09:510
13 Nov 2026, 11:1687

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.