Барои рушди кишоварзӣ ва хизматрасонӣ ба кӯдакон дар Тоҷикистон беш аз 42 млн доллар ҷудо мешавад Тоҷикистон барои татбиқи ду лоиҳаи марбут ба рушди кишоварзӣ ва беҳтар намудани шароити рушди кӯдакон аз Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузории иловагӣ мегирад. Созишномаҳои дахлдорро вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии ин ниҳоди байналмилалӣ Гаэл Рабалланд имзо кардаанд. Аз маблағи пешбинишуда 7,5 миллион доллар ба лоиҳаи «Таҳкими устувории бахши кишоварзӣ» рост меояд. Ин маблағгузориро Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) 30 сентябри соли 2026 тасдиқ кардааст. Маблағ барои анҷом додани сохтмони маркази агрологистикӣ дар ноҳияи Данғара, харидории таҷҳизоти коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ барои маркази шаҳри Душанбе ва таъмини фаъолияти устувори ҳар ду марказ истифода мешавад. Тибқи интизориҳо, марказҳои мазкур барои беҳтар шудани шароити нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот, васеъ гардидани имкониятҳои фурӯш ва содирот, афзоиши даромади кишоварзон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, ин иқдом ба таҳкими амнияти озуқаворӣ равона шудааст. Қисми дигари маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» тааллуқ дорад. Барои ин тарҳ 30 миллион доллари иловагӣ пешбинӣ шуда, маблағгузории он 29 сентябри соли 2026 аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардидааст. Илова бар ин, Механизми глобалии маблағгузорӣ барои ҳифзи саломатии занон, кӯдакон ва наврасон (GFF) низ барои татбиқи чорабиниҳои марбут ба рушди кӯдакон маблағ ҷудо мекунад. Дар доираи лоиҳа фарогирии хизматрасониҳо дар чор ноҳияи дигар васеъ гардида, барои таъсиси 300 синфхонаи томактабӣ шароит муҳайё карда мешавад. Ҳамзамон, шаклҳои гуногуни таълими томактабӣ рушд дода мешаванд. Дар самти тандурустӣ бошад, ҷорӣ намудани мунтазами Барномаи мониторинги рушд ва инкишофи кӯдак, баланд бардоштани малакаи кормандони тиб ва рақамикунонии низоми арзёбӣ ва назорати рушди кӯдакон дар назар аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 12 Oct 2026, 07:18 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 71 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.