📚 Дар Бритониё барои хоҳишмандон омӯзиши онлайнии забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё барои фарзандони ҳамватанони муқими ин кишвар ва дигар хоҳишмандон давраҳои омӯзиши забони тоҷикиро ташкил мекунад. Дарсҳо ба таври маҷозӣ баргузор шуда, ҳафтае ду маротиба гузаронида мешаванд. Ба иттилои сафорат, пеш аз оғози машғулиятҳо шумораи довталабон ва сатҳи ибтидоии дониши забони тоҷикии онҳо муайян карда мешавад. Сафорат аз хоҳишмандон даъват кардааст, ки то 20 октябр барои иштирок дар курс сабти ном шаванд. Волидон метавонанд фарзандони худро низ номнавис кунанд. Барои сабти ном зарур аст, ки маълумоти зерин ба почтаи электронии info@tajembassy.uk ирсол карда шавад: - ному насаби довталаб ё фарзанди ӯ; - синну сол; - сатҳи донистани забони тоҷикӣ; - рӯз ва вақти мувофиқ барои иштирок дар дарсҳо. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Бритониё хабар додааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 12 Oct 2026, 04:15 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 85 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.