⚡️ Барои бунёди НБО-и «Хуталон» дар Тоҷикистон беш аз 2,2 миллиард доллар пешбинӣ шудааст Дар дарёи Вахш, байни нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун» ва «Норак», сохтмони НБО-и нави «Хуталон» ба нақша гирифта шудааст. Арзиши пешакии ин тарҳ 2 миллиарду 247 миллион долларро ташкил медиҳад. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа 4 октябр аз маҳалли сохтмони ояндаи нерӯгоҳ боздид карда, бо қитъаҳои бунёди сарбанд, толори мошинҳо ва дигар иншооти асосӣ шинос шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакии техникӣ ва иқтисодӣ, иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ 800 мегаватт буда, дар он насби шаш гидроагрегат пешбинӣ шудааст. Истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ 2 миллиарду 684 миллион киловатт-соат арзёбӣ мегардад. Баландии сарбанди нерӯгоҳ 76 метр ва паҳнои он 234 метр хоҳад буд. Толори мошинҳо 225 метр дарозӣ, 45 метр паҳноӣ ва 60 метр баландӣ дошта, ҳаҷми муфиди обанбор 4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, сохтмони НБО-и «Хуталон» 72 моҳ, яъне шаш сол идома хоҳад кард. Ин нерӯгоҳ бахше аз силсилаи иншооти гидроэнергетикӣ ба шумор меравад, ки бунёди онҳо дар дарёи Вахш пешбинӣ шудааст. Ҷойгиршавии он дар байни НБО-и «Роғун» ва «Норак» барои истифодаи бештари иқтидори гидроэнергетикии дарё имконият фароҳам меорад. Дар сурати татбиқи лоиҳа, нерӯгоҳи «Хуталон» метавонад ба афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ва таҳкими низоми энергетикии кишвар мусоидат кунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 9 Oct 2026, 12:52 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 125 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.