Харҷи Тоҷикистон барои воридоти гӯшт дар нӯҳ моҳ 60,3 дарсад афзуд Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 Тоҷикистон беш аз 21,4 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти хӯрокии аз он омодашударо ворид кардааст. Арзиши умумии ин маҳсулот тақрибан 84 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки воридот 52,4 миллион доллар арзиш дошт, 60,3 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон маълумот додааст. Беларус дар миёни кишварҳои таъминкунандаи Тоҷикистон бо маҳсулоти гӯштӣ дар ҷойи аввал қарор дошта, арзиши воридот аз ин кишвар ба 22,4 миллион доллар баробар шудааст. Ҳамчунин, аз Қазоқистон ба маблағи 16,2 миллион доллар, аз Украина ба маблағи 6,8 миллион доллар, аз Покистон ба маблағи 4,4 миллион доллар ва аз Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 миллион доллар маҳсулоти гӯштӣ ворид шудааст. Ба ин гурӯҳи маҳсулот гӯшти гов, гӯсфанд, паранда ва дигар маҳсулоти хӯрокии аз гӯшт омодашуда дохил мешаванд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 9 Oct 2026, 12:10 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 91 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.