Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⚡️ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки тарҳи корхонаи бузурги коркарди нафт дар Осиёи Марказӣ таҳия шавад Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳия ва татбиқи тарҳи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафтро бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо дарназардошти ниёзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод қаблан низ ироа шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8 октябр, зимни Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Авазаи Туркманистон ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳ кард. Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки рӯйхати тарҳҳои афзалиятноки энергетикӣ таҳия шуда, роҳҳои имконпазири маблағгузории муштараки татбиқи онҳо муайян карда шаванд. Тибқи иттилои расмӣ, дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар самтҳои нақлиёт, тағйирёбии иқлим, технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501008 Oct 11:3713 Nov 11:16998 Oct 11:37: 0 views13 Nov 11:16: 99 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
8 Oct 2026, 11:370
13 Nov 2026, 11:1699

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.