Дар пайи садама дар Ҳисор модар ва ду фарзандаш ба ҳалокат расиданд Шоми 5 октябр дар шоҳроҳи Душанбе–Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор, садамаи маргбор рух дод. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ронандаи 39-солаи «Kia K5» Ҳамдам Ниёзов ҳангоми ҳаракат занеро ҳамроҳ бо ду фарзандаш, ки аз гузаргоҳи пиёдагард мегузаштанд, пахш кардааст. Дар натиҷа Шукрона Табароваи 29-сола ва фарзандонаш Абдураҳмони 9-сола ва Ойшаи 1-сола, ки сокинони Душанбе буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Назари ронанда ва пайвандони ҷонбохтаҳо маълум нест. ВКД мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 7 Oct 2026, 13:04 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 121 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.