Бори аввал дар Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷӣ стент-графти шоҳраги қафаси сина гузошта шуд Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бори аввал дар Тоҷикистон ба беморе бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнравандаи қафаси сина стент-графт гузошта шуд. Бемор шаҳрванди 65-солаи Ӯзбекистон Мустафоқулов Илмомин буда, бо нишонаҳои нафастангӣ ва фишорбаландӣ ба табибон муроҷиат кардааст. Амалиёт бидуни беҳушкунӣ ва буриши бадан, тавассути сурох кардани раги пойи рост анҷом дода шудааст. Стент-графт қисми васеъшудаи шоҳрагро пӯшонида, фишор дар дохили аневризма ва хатари кафидани онро коҳиш додааст. Табибон мегӯянд, амалиёт бомуваффақият ва бидуни аворизу хунравӣ анҷом ёфтааст. Бемор ҳоло худро хуб эҳсос карда, озодона роҳ мегардад. Ба гуфтаи мутахассисон, дар минтақа чунин амалиёт ба ғайр аз Тоҷикистон танҳо дар Қазоқистон гузаронида мешавад. Пештар дар Тоҷикистон амалиёти монанд дар дигар қисматҳои шоҳраг, аз ҷумла шоҳраги шикам, бо иштироки мутахассисони хориҷӣ анҷом дода мешуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 7 Oct 2026, 07:52 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 89 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.