🏥 Дар Шамсиддин Шоҳин ду муассисаи нави тиббӣ ба истифода дода шуданд 6 октябр бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои нави Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ ба истифода дода шуд. Беморхонаи марказӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 66 кати табобатӣ ва 103 утоқи корӣ мебошад. Маркази саломатӣ бошад, 23 утоқ дошта, барои қабули то 340 бемор дар як баст пешбинӣ шудааст. Иншоотҳо дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон сохта шудаанд. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии сокинони ноҳия, бахусус аҳолии деҳоти дурдаст, ба хизматрасониҳои тиббӣ мебошад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 7 Oct 2026, 07:42 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 84 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.