🇹🇯🇮🇷 Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд Аз 5 октябр шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд на танҳо тавассути парвозҳои мустақим, балки бо роҳи заминӣ ва тавассути кишварҳои сеюм низ бидуни виза ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд. То ин вақт низоми бевиза танҳо барои хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ амал мекард. Акнун ин имтиёз ба гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ низ паҳн шудааст. Шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, метавонанд дар ҳудуди давлати ҳамдигар то 30 рӯз дар давоми се моҳ бидуни гирифтани виза муваққатан иқомат кунанд. Ин тағйирот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ шудааст, барои рафтуомади шаҳрвандон, рушди сайёҳӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратии заминӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон шароити мусоид фароҳам меорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 7 Oct 2026, 03:40 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 107 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.