Нархи сабзӣ дар Тоҷикистон 44 дарсад боло рафт Дар авоили моҳи октябр нархи як килограмм сабзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 7–8 сомонӣ расидааст. Дар баъзе нуқтаҳои савдо он боз ҳам гаронтар фурӯхта мешавад. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2025 нархи миёнаи як килограмм сабзӣ дар шаш шаҳри бузурги кишвар тақрибан 4,9 сомонӣ буд. Ҳамин тариқ, то охири моҳи август қимати сабзӣ нисбат ба моҳи декабри соли гузашта 44,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Танҳо дар моҳи август нархи сабзӣ нисбат ба моҳи июл боз 4,2 дарсад боло рафтааст. Дар маҷмуъ, нархи сабзавот дар моҳи август 1,8 дарсад гарон шудааст. Аз аввали сол қимати баъзе меваҳо низ афзоиш ёфтааст: лимӯ 38,6 дарсад ва себ 33,8 дарсад гарон шудаанд. Дар ҳамин ҳол, нархи картошка аз аввали сол қариб бетағйир мондааст. Бодиринг, помидор ва карам бошад, арзонтар шудаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
928
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 6 Oct 2026, 12:45 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 124 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.