Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.4/day last 13 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

📚 Вазорати маориф: омӯзгоронро ба ҷамъоварии пул, обуна ва фурӯши чипта ҷалб кардан манъ аст Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз роҳбарони соҳаи маориф талаб кардааст, ки омӯзгоронро ба корҳои берун аз раванди таълиму тарбия ҷалб накунанд ва аз ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ пешгирӣ намоянд. Ин талаб дар номаи вазорат аз 2 октябри соли 2026 зикр шуда, ба роҳбарони раёсатҳои маорифи Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст. Дар ҳуҷҷат ба банди 2 моддаи 11 Қонуни «Дар бораи мақоми омӯзгор» истинод шудааст. Тибқи нома, омӯзгорон набояд ба хариду фурӯши либоси мактабӣ, ҷамъоварии маблағ, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ғайритахассусӣ, фурӯши чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва корҳои кишоварзӣ ҷалб карда шаванд. Вазорат ҳамчунин таъкид кардааст, ки аз маоши омӯзгорон маблағ ҷамъоварӣ кардан манъ аст. Аз ҷумла, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд барои обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, хариди чиптаҳои чорабиниҳои фарҳангӣ, ободонии мактаб, хариди маводи таълимӣ, методӣ ва ороишӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар лавозимот аз омӯзгорон пул талаб кунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501006 Oct 07:0213 Nov 11:16936 Oct 07:02: 0 views13 Nov 11:16: 93 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
6 Oct 2026, 07:020
13 Nov 2026, 11:1693

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.