Дар Душанбе як мардро барои латукӯби зане дар кӯча 7 шабонарӯз ҳабс карданд Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино сокини 29-солаи Душанбе Ходжаев Фирӯзро пас аз паҳн шудани навори латукӯби як зан дар кӯча дастгир карданд. Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса 1 октябр дар кӯчаи Қазоқон рух додааст. Ходжаев бо сокини 34-солаи ноҳияи Шаҳринав Маҳкамова Моҳира вориди муноқиша шудааст. Мақомоти милитсия мегӯянд, зан дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша мард занро латукӯб карда, сипас бо мошинаш аз ҷойи ҳодиса рафтааст. Навори ин ҳодиса аз ҷониби яке аз шаҳрвандон ба милитсия ирсол шудааст. Нисбати Ходжаев барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар бораи ҳолатҳои вайрон кардани қонун тавассути WhatsApp ва Telegram бо рақами (+992) 018-02-02-02 хабар диҳанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.4/day
last 13 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 6 Oct 2026, 05:39 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 100 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.