Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.4/day last 13 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Дар чанд маҳаллаи Душанбе имрӯз интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мешавад Дар пайи боришоти зиёд дар ҳавзаи дарёи Варзоб оби дарё тира шудааст. Ба ҳамин далел, имрӯз 6 октябр, дар бархе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора КВД «Душанбеводоканал» хабар медиҳад. Дар ноҳияи Сино маҳаллаҳои 10–15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104 ва 112, инчунин Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳоти Боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамшикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Ғиждалобод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам ба маҳдудият дучор мешаванд. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хоҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира муваққатан бо ҳаҷми пурра об таъмин намешаванд. Дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳдудият ба кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24 дахл мекунад. КВД «Душанбеводоканал» мегӯяд, ки интиқоли пурраи оби нӯшокӣ пас аз ба эътидол омадани сифати об дар манбаи обгирӣ барқарор карда мешавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501006 Oct 03:3613 Nov 11:16936 Oct 03:36: 0 views13 Nov 11:16: 93 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
6 Oct 2026, 03:360
13 Nov 2026, 11:1693

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.