Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.4/day last 20 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

🇹🇯 Тоҷикистон назорати санитариро дар марз пас аз хабари эҳтимоли бемории вабо дар Русия пурзӯр кард Дар гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон чораҳои пешгирикунӣ барои назорати санитарӣ ва карантинӣ тақвият дода шудаанд. Дар ин бора роҳбари раёсати Вазорати тандурустӣ Давлатзода Саид ба Asia-Plus иттилоъ додааст. Тибқи дастур, ҳар нафаре, ки аз марз убур мекунад, бояд бо истифода аз ҳароратсанҷи бесамос ҳарораташ санҷида шавад. Ҳамчунин кормандони нуқтаҳои санитарӣ нишонаҳои эҳтимолии беморӣ, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди сар, сустӣ ва дарди мушаку буғумҳоро муайян мекунанд. Ба кормандони нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ тавсия шудааст, ки аз либоси муҳофизатии яккарата истифода баранд. Аз 28 сентябр то 4 октябр гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ гузаргоҳҳои санитарӣ-карантинӣ дар вилояти Суғдро санҷида, сатҳи омодагии онҳоро арзёбӣ кардааст. Ба кормандон дастурҳои иловагӣ дода шуда, нуқтаҳо бо маводи зарурӣ таъмин шудаанд. Давлатзода аз шаҳрвандоне, ки аз Русия бармегарданд, даъват кардааст, дар сурати баланд шудани ҳарорат ё бад шудани вазъи саломатӣ ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба табиб муроҷиат кунанд. Сабаби пурзӯр шудани чораҳо марги зани 28-сола дар вилояти Иркутски Русия будааст. Пештар бархе расонаҳо ва каналҳои Telegram хабар дода буданд, ки эҳтимол ӯ пас аз садама бо пробирка дар як пажӯҳишгоҳи мубориза бо вабо ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Аммо Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдошти Русия (Роспотребнадзор) ин маълумотро тасдиқ накардааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550755 Oct 09:4213 Nov 11:16795 Oct 09:42: 0 views13 Nov 11:16: 79 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
5 Oct 2026, 09:420
13 Nov 2026, 11:1679

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.