⚡️ Муаллимаи баҳсбарангези мактаби №72 соҳиби нишони «Аълочии маориф ва илм» шуд Равшаноро Акрамова, омӯзгори забони русии мактаби №72-и ноҳияи Ёвон, ки моҳи гузашта дар пайи як қазияи баҳсбарангез ҳангоми дарс танбеҳ гирифта буд, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардид. Нишонро 3 октябр дар маросими таҷлили Рӯзи омӯзгор дар Душанбе муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф Раҳим Саидзода ба ӯ супориданд. Дар маҷмӯъ, дар ин маросим 571 корманди соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва 10 нафар бо нишони «Аълочии ифтихории маориф ва илм» қадрдонӣ шуданд. Номи Равшаноро Акрамова моҳи гузашта пас аз паҳн шудани навори сарзаниши як хонандаи 10-сола, донишомӯзи синфи сеюми мактаби №72, дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуда буд. Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба омӯзгор чораҳои огоҳибахшӣ ва фаҳмондадиҳӣ андешида шуданд Баъдан Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон хабар дод, ки Акрамова ба шуъба даъват шуда, вобаста ба рафтораш аз ӯ тавзеҳот гирифта шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.4/day
last 20 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 5 Oct 2026, 05:46 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 94 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.