Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.4/day last 20 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

БОР барои рушди низоми нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон $20,5 млн ҷудо кард Бонки осиёии рушд (БОР) барои дастгирии бахши нафақа ва хидматрасонии иҷтимоии Тоҷикистон 20,5 млн доллар кумаки молӣ тасдиқ кардааст. Тибқи иттилои БОР, ин маблағ дар пасманзари таъсири иқтисодиву молиявии даргириҳо дар Ховари Миёна ҷудо шуда, барои беҳтар намудани хизматрасониҳои нафақа, навсозии низоми пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд. Ҳамчунин, ҳадафи тарҳ баланд бардоштани сифат, суръат ва дастрасии хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар доираи лоиҳа таҳкими амнияти киберӣ, рақамикунонии ҳуҷҷатҳо, беҳтар намудани мубодилаи байниидоравии маълумот ва навсозии идораҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Душанбе ва Бохтар пешбинӣ шудааст. БОР мегӯяд, ки дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастикам 320 ҳазор суғурташуда ва 250 ҳазор нафақахӯр метавонанд ба хизматрасониҳои иҷтимоии зудтар, бехатартар ва дастрас дастрасӣ пайдо кунанд. Аз ҳаҷми умумии маблағ 19,5 млн доллар аз Сандуқи рушди Осиё ва 1 млн доллар аз Сандуқи технологияҳои пешрафта ҷудо мешавад. Ҳамзамон, 12,32 млн доллар дар доираи бастаи дастгирии БОР барои кишварҳое, ки аз паёмадҳои иқтисодӣ ва молиявии даргириҳо дар Ховари Миёна осеб дидаанд, пешбинӣ шудааст. Дар бораи шарту шароити пешниҳоди ин маблағ ба Тоҷикистон иттилои дақиқ нашр нашудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550755 Oct 05:3513 Nov 11:16755 Oct 05:35: 0 views13 Nov 11:16: 75 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
5 Oct 2026, 05:350
13 Nov 2026, 11:1675

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.