Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.4/day last 32 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Эмомалӣ Раҳмон хостори густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар интернет ва илм шуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мешавад, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро табрик намуда, ба ҳифзи забони модарӣ, пок нигоҳ доштани он ва васеъ кардани доираи истифодааш даъват кард. Дар паёми табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки забони тоҷикӣ-форсӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо бахши муҳими таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик буда, имрӯз низ яке аз омилҳои муҳими ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, забони тоҷикӣ ҳамчун инъикосгар ва ифодагари андешаҳои миллӣ, арзишҳо ва дастовардҳои мардум гузаштагони пурифтихорро бо имрӯз ва ояндаи неки миллату давлат пайванд медиҳад. Президенти кишвар зикр кардааст, ки дар 35 соли истиқлол дар Тоҷикистон Қонуни забони давлатӣ ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 қабул шуда, муассисаҳои соҳавӣ таъсис ёфтаанд. Ҳамчунин, луғатҳои гуногун ва осори классикони адабиёти тоҷик ба нашр расидаанд. Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба рушди босуръати технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таъкид кардааст, ки забони тоҷикӣ бояд бо истилоҳоти муосир ғанӣ гардонида шуда, дастовардҳои илмӣ бештар ба фазои иттилоотии миллӣ ворид карда шаванд. Ӯ ҳамчунин муҳим донистааст, ки ба омӯзиши забони адабӣ ба кӯдакону ҷавонон ва риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501005 Oct 03:3713 Nov 11:161115 Oct 03:37: 0 views13 Nov 11:16: 111 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
5 Oct 2026, 03:370
13 Nov 2026, 11:16111

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.