Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.4/day last 32 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

🇹🇯 Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил шуд Дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва мисриён дар хориҷа, дигар ниҳодҳои давлатии Миср, сафирон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, инчунин олимон, коршиносон, рӯзноманигорон ва тоҷикони муқими ин кишвар иштирок карданд. Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода зимни суханронӣ дар бораи дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол маълумот дода, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба самти ҳамзистии осоишта, ҳамёрӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Дар доираи чорабинӣ инчунин китобу маҷаллаҳои дар Миср нашршуда оид ба Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, намоишгоҳи либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо баргузор гардид. Ҳамзамон филмҳои кӯтоҳи мустанад ва роликҳои таблиғотӣ дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501002 Oct 12:5413 Nov 11:16942 Oct 12:54: 0 views13 Nov 11:16: 94 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Oct 2026, 12:540
13 Nov 2026, 11:1694

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.