Ба далели лойолуд шудани дарёи Варзоб интиқоли об дар чанд минтақаи Душанбе маҳдуд мешавад Корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» хабар дод, ки имрӯз, 2 октябр, бинобар лойолуд шудани оби дарёи Варзоб дар пайи боришоти зиёд, интиқоли оби ошомиданӣ ба як қатор минтақаҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад. Ба иттилои корхона, ин тадбир барои таъмини бехатарӣ ва сифати оби ошомиданӣ андешида шуда, то беҳтар шудани вазъ ва соф гардидани оби манбаи обгирӣ идома меёбад. 📍 Дар ноҳияи Сино: шаҳракҳои 10–15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101–104, 112, Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам. 📍 Дар ноҳияи И. Сомонӣ: кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира. 📍 Дар ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.5/day
last 15 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 2 Oct 2026, 08:20 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 99 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.