10 оилаи аз сел зарардида дар Рӯшон соҳиби хонаҳои нав шуданд Дар деҳаи Баррушони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 оилае, ки манзилашон бар асари сел пурра хароб шуда буд, 30 сентябр калиди хонаҳои навро гирифтанд. Сел рӯзи 20 июл дар Баррушон фаромада, дар маҷмӯъ ба 40 хона зарар расонд. Аз ин шумора 10 хона пурра хароб, 13 хона қисман осеб дида, ба манзилҳои дигар зарари сабук расидааст. Барои 10 оила рӯзи баъд аз офати табиӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Сохтмони хонаҳои нав оғоз гардида, онҳо дар давоми ҳамагӣ 27 рӯз бунёд шуданд. Манзилҳои нав бо тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ таъмин шудаанд. Ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман осеб дида буд, низ қитъаи замин ва масолеҳи сохтмонӣ дода шудааст. Манзилҳои зарари сабукдида аз оқибатҳои сел тоза карда шудаанд. Дар маҳалли хонаҳои нав деҳаи Истиқлол ташкил шудааст. Дар оянда дар ин ҷо сохтмони мактаб, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар маросими супоридани калидҳо раиси ВМКБ Шарифхон Сафарзода ва раиси ноҳияи Рӯшон Илҳом Аҳмадзода иштирок карданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.5/day
last 15 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 2 Oct 2026, 04:57 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 80 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.