Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.5/day last 16 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Гирифтани иҷозатнома барои истгоҳҳои пуркунии мошинҳои барқӣ ҳатмӣ шуд Дар Тоҷикистон фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ ба қатори фаъолиятҳое ворид шудааст, ки барои анҷоми он гирифтани иҷозатномаи махсус зарур аст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин талабот тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №593 «Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа, қабули огоҳиномаҳо» муқаррар шудааст. Соҳибкорон ва ширкатҳое, ки аллакай тавассути истгоҳҳои пуркунии мошинҳои барқӣ неруи барқ мефурӯшанд ё мехоҳанд чунин фаъолиятро оғоз кунанд, бояд аз Вазорати энергетика ва захираҳои об иҷозатномаи махсус гиранд. Барои гирифтани иҷозатнома зарур аст, ки довталабон ба сомонаи ijozat.mewr.tj ворид шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шаванд ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд. Вазорат аз соҳибкорон даъват кардааст, ки фаъолияти худро сари вақт ба талаботи нав мутобиқ намуда, иҷозатномаи дахлдор гиранд. ☎️ Телефон барои маълумот: 235-98-51 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550751002 Oct 04:3913 Nov 11:16832 Oct 04:39: 0 views13 Nov 11:16: 83 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
2 Oct 2026, 04:390
13 Nov 2026, 11:1683

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.