Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.7/day last 18 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Духтари президенти Ӯзбекистон хостори барқарории ҳукми қатл шуд Саида Мирзиёева, духтари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва роҳбари дастгоҳ пас аз қазияи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба духтарчаи 5-сола дар кӯдакистони вилояти Намангон аз барқарории ҳукми қатл дар кишвар ҷонибдорӣ кард. Ӯ 27 сентябр дар канали «Телеграм»-и худ гуфтааст, ки барои чунин ҷиноятҳои сангин, ба назари ӯ, бояд ҳукми қатл татбиқ шавад. Ба гуфтаи Мирзиёева, қонунгузории амалкунанда чунин ҷазоро пешбинӣ намекунад ва пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ ва сахттар кардани ҷавобгарӣ таҳия мешаванд. Тибқи иттилои Gazeta,uz, мақомоти Ӯзбекистон қазияи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба як тарбиятгирандаи 5-солаи кӯдакистони давлатӣ дар вилояти Намангонро таҳқиқ доранд. Бо гумони содир кардани ҷиноят мудири хоҷагии муассиса, марди 52-сола, боздошт шудааст. Ӯ аз соли 2022 дар ин кӯдакистон кор мекардааст. Директори муассиса гуфтааст, ки қаблан аз ҷониби волидон ё кормандон нисбат ба ӯ шикояте ворид нашудааст. Модари кӯдак гуфтааст, ки баъд аз ҳодиса духтараш аз рафтан ба кӯдакистон метарсад. Ба гуфтаи ӯ, дар кӯдакистон камераҳои назоратӣ фаъол набудаанд ва наздикони гумонбар ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки дар ивази маблағ аризаашро бозпас гирад. Ба гуфтаи директори кӯдакистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 11 сентябр ба муассиса омадаанд. Маълумот дар бораи ин қазия дар расонаҳо дар рӯзҳои 20-уми сентябр нашр шудааст. Шаҳноза Мирзиёева, духтари дигари президенти Ӯзбекистон ва муовини аввали роҳбари Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ, низ ба ин қазия вокуниш нишон додааст. Ӯ гуфтааст, ки ба оилаи духтарча барои кӯчидан ба шаҳри дигар кумак расонида мешавад. Ба оила манзил, барқарорсозии зарурӣ ва дастгирии иҷтимоӣ, аз ҷумла кумак барои таҳсил ва пайдо кардани ҷойи кор барои модари кӯдак, пешниҳод хоҳад шуд. Дар ҳолати зарурӣ масъалаи иваз кардани насаби онҳо низ баррасӣ мешавад. Ҳукми қатл дар Ӯзбекистон аз моҳи январи соли 2008 бекор шудааст. Ин тасмим бо фармони президенти вақти кишвар Ислом Каримов дар соли 2005 қабул шуда буд. Соли 2022 Шавкат Мирзиёев изҳор карда буд, ки бо пешниҳодҳо барои барқарории ҳукми қатл розӣ нест ва пешниҳод карда буд, ки манъи он дар Конститутсия мустаҳкам карда шавад. Аз соли 2023 манъи ҳукми қатл дар сатҳи конститутсионӣ сабт шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0204060801 Oct 11:4813 Nov 11:16651 Oct 11:48: 0 views13 Nov 11:16: 65 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Oct 2026, 11:480
13 Nov 2026, 11:1665

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.