Аюбҷон Одинаев то баҳори соли 2014 мисли ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ буд. Аммо моҳи марти ҳамон сол ҳодисаи нохуше рух дод ва ҳаёти ҷавони тоҷик куллан дигар шуд. Дар яке аз рӯзҳои корӣ дар майдони корзоре садамае шуду беш аз 2 тонна оҳан ба болои Аюбҷон меафтад. Дар натиҷа ду ҷойи сутунмуҳрааш осеби ҷиддӣ мебинад. Боз мошини ёрии таъҷилие, ки барои бурдани захминшуда меояд, дар роҳ ба садама дучор мешавад. Ду ноомадии он рӯзи корӣ ҳолати Аюбҷони захмхӯрдаро вазнинтар мекунад. Аз ин воқеа беш аз 12 сол гузашт. Аюбҷон Одинаев имрӯз дар суҳбат бо Your.tj қисса кард, ки чӣ гуна санҷишҳои вазнини ҳаётро паси сар намуд, ҳамчун як ҷавони боирода соҳиби ҷойи кор шуд ва бо ҳавсалаи том блоги шахсиро пеш бурда, дар дили ҷавонони дигар ангезаи ба орзуҳои худ расиданро бедор сохт. https://your.tj/tj/history/arobachai-mayubi-monea-nest-qissai-javone-ki-mehohad-dushanbero-baroi-hama-dastras-binad