Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.7/day last 12 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Ноболиғи 11-сола барои дурӣ аз таҳсил аз волидонаш гирифта шуд Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як ноболиғи 11-сола М. Ф.-ро, ки чандин маротиба ҳангоми оворагардӣ ва талбандагӣ ошкор шудааст, ба шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас кардаанд. Зимни санҷиш муайян шудааст, ки духтар аз таҳсил дур монда, ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғул шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ сабаби ин ҳолатро ба муносибати бемасъулиятонаи волидон ба таълиму тарбияи фарзанд рабт медиҳанд. Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба волидони ноболиғ муқаррароти моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шудааст. Бар асоси қарори суд, кӯдак аз волидонаш гирифта шуда, барои таҳсил ба Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор» дар шаҳри Душанбе фиристода шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ аз падару модарон ва дигар шаҳрвандон даъват кардаанд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбияи ноболиғон беэътиноӣ накунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02550751001 Oct 10:4413 Nov 11:16831 Oct 10:44: 0 views13 Nov 11:16: 83 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Oct 2026, 10:440
13 Nov 2026, 11:1683

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.