Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҳамаҷониба ба зимистони 2026–2027-ро талаб кард 30 сентябр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор шуд. Дар оғози ҷаласа президент ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои дахлдор зарурати иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии супоришҳои қаблан додашударо таъкид кард. Яке аз масъалаҳои асосӣ омодагӣ ба зимистони солҳои 2026–2027 буд. Ба масъулин супориш дода шуд, ки барои мавсими сармо корҳои омодагиро ҳамаҷониба ба роҳ монда, захираи кофии маводи сӯхт ва маҳсулоти ғизоӣ таъмин карда шавад. Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта, меваю сабзавот, гузаронидани кишти тирамоҳии ғалла ва идомаву густариши корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Президент таъкид кард, ки масъулон бояд иҷрои супоришҳои гузошташударо сари вақт таъмин намуда, ба масъалаҳои мубрам ва рӯзмарраи кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.7/day
last 13 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 1 Oct 2026, 07:40 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 93 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.