Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.6/day last 52 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⚡️ Се минтақаи Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ нақшаи артишро иҷро карданд Дар рӯзи аввали маъракаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳри Бохтар ва ноҳияи Тоҷикобод аз иҷрои нақшаи пешбинишуда хабар доданд. Тибқи иттилои мақомоти ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро 101 дарсад иҷро кардаанд. Дар Бохтар ва Тоҷикобод низ масъулон хабар додаанд, ки нишондиҳандаи пешбинишуда дар рӯзи аввали маърака 100 дарсад таъмин шудааст. Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонони синни 18 то 27-сола, яъне шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008, 1 октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард. Он бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

0501001 Oct 03:5513 Nov 11:16931 Oct 03:55: 0 views13 Nov 11:16: 93 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
1 Oct 2026, 03:550
13 Nov 2026, 11:1693

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.