Дар Душанбе фаъолияти фоҳишахона дар меҳмонхона ошкор гардид Кормандони полис дар шаҳри Душанбе зимни фаъолияти эҳтимолии фоҳишахонаро дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт ошкор кардаанд. Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаи «HULBUK PALACE», воқеъ дар кӯчаи Қ. Кироми ноҳияи Шоҳмансур, маркази дилхушӣ ташкил намуда, онро ба фоҳишахона табдил додаанд. Гуфта мешавад, онҳо барои ҷалби ҷавондухтарони хориҷӣ ва фароҳам овардани шароит барои машғул шудан ба танфурӯшӣ маблағ пешниҳод мекардаанд. Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба гумонбари асосӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — ташкили ё нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Барои муайян ва дастгир намудани дигар афроди эҳтимолан дастдошта чорабиниҳои оперативӣ идома доранд. Ҳамчунин, нисбат ба 22 ҷавондухтари хориҷӣ ва дигар шаҳрвандони дар ин кирдор дастдошта маводи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ин афрод аз қаламрави Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд. Милитсия аз шаҳрвандон хостааст, ки дар мавриди ошкор кардани чунин ҳолатҳо бетараф набошанд ва барои пешгирии кирдорҳои ғайриқонунӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.6/day
last 53 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 30 Sep 2026, 05:23 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 95 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.