Боздошти як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо гумони одамкушӣ Кормандони милитсияи ноҳияи Муъминобод як сокини 28-солаи деҳаи Дӯстиро бо гумони куштори ҳамдеҳааш боздошт кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 25 сентябри соли 2026, тахминан соати 18:00, дар маркази деҳаи Дӯстӣ рух додааст. Гуфта мешавад, Ҳабибулло Хайруллои 28-сола аз рӯи хусумати қаблӣ бо Бобохони Зарифзоди 26-сола муноқиша кардааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, Бобохони Зарифзод ҳангоми ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Дар ҷараёни муноқиша, гумонбаршуда бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синаи ӯ зарба задааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса аз ҷароҳати бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Ҳабибуллои Хайрулло бар асоси қисми 1-и моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Тафтиши парванда идома дорад. 📲 Your.tj в ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.6/day
last 49 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 30 Sep 2026, 04:28 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 104 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.