⚖️ Дар Суғд зани 30-сола барои куштори бародараш 18 сол зиндонӣ шуд Додгоҳи вилояти Суғд сокини 30-солаи ноҳияи Мастчоҳ Мунира Андаеваро барои куштори бародараш Равшани 35-сола ба 21 соли зиндон маҳкум кардааст. Бо назардошти авф муҳлати ҷазо ба 18 сол кам карда шудааст. Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, рӯзи 12 июн Мунира ҳамроҳи бародар, хоҳар ва модараш машрубот истеъмол карда, миёни ӯ ва бародараш муноқиша сар задааст. Тибқи тафтишот, Равшан ба тарафи хоҳараш стаканро ҳаво дода, ӯро маҷруҳ кардааст. Пас аз ин, Мунира бо болғаи резинӣ ба сару рӯи бародараш зарба задааст. Мард аз ҳуш рафтааст. Тибқи фарзияи тафтишот, зан баъдан бародарашро ба ҳавлӣ бароварда, бо хишт низ задааст. Мард бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Қаблан ВКД хабар дода буд, ки ба гуфтаи худи Андаева, бародараш аввалин шуда ба ӯ ҳамла кардааст. Додгоҳ Мунира Андаеваро тибқи қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба 21 соли маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум кардааст. Бо татбиқи қонуни авф муҳлати ҷазо 18 сол муайян шудааст. Мавқеи худи Андаева, наздикон ва вакили дифоъ дар бораи парванда ва ҳукм маълум нест. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.6/day
last 34 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 29 Sep 2026, 12:09 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 123 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.