📌 Аз Русия ба Тоҷикистон бурдани беш аз 1 млн рубл нақд манъ шуд Аз имрӯз, 29 сентябр, қоидаҳои интиқоли пули нақди Русия ба Тоҷикистон ва бархе кишварҳои дигар сахттар шуданд. Тибқи фармони нави президенти Русия Владимир Путин, шахсони воқеӣ наметавонанд аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион рубл пули нақд баранд. Ин маҳдудият ба кишварҳои узви ЕАЭС, инчунин Озарбойҷон ва Узбекистон низ дахл дорад. Барои интиқоли маблағи бештар истисно пешбинӣ шудааст. Дар сурати интиқол тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии муайяншуда ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бонкие, ки гирифтани маблағро аз суратҳисоб тасдиқ мекунанд, ин маҳдудият татбиқ намешавад. Маҳдудияти нав маҳз ба рубли нақди Русия дахл дорад ва қоидаҳои алоҳидаи амалкунанда барои интиқоли асъори нақдии хориҷӣ аз Русияро бекор намекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.6/day
last 36 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 29 Sep 2026, 11:57 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 111 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.