🇹🇯 Рамазон Раҳимзода аз хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ хост, забон омӯзанду бештар китоб хонанд Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз хизматчиёни ҳарбӣ даъват кард, ки сатҳи дониши худро баланд бардоранд, забонҳои хориҷӣ омӯзанд, бештар китоб хонанд ва ба омодагии ҷисмонӣ таваҷҷуҳ кунанд. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, вазир 26 сентябр аз қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД боздид карда, бо шароити хизмату зиндагии ҳайати шахсӣ шинос шудааст. Зимни мулоқот бо афсарону сарбозон Раҳимзода аҳаммияти мутолиаи адабиёти бадеӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва худомӯзии пайвастаро таъкид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва машғул шудан ба варзиш ба баланд шудани фарҳанги хизматчиёни ҳарбӣ, тақвияти масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ мусоидат мекунанд. Вазир ҳамчунин ба низомиён дастур додааст, ки интизоми ҳарбиро қатъиян риоя карда, вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд иҷро намоянд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.6/day
last 35 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 29 Sep 2026, 07:20 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 87 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.