Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.6/day last 35 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Дар Исфара чор ҷавон ба алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ гумонбар мешаванд Дар шаҳри Исфара чор сокини ҷамоати Хонабод бо гумони анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғ боздошт шудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад. Тибқи иттилои мақомот, Хурсандалӣ Шаҳобови 26-сола, Сироҷиддин Маҷидови 26-сола, Самандар Воҳидови 25-сола ва Заурбек Абдуллои 20-сола боздошт шудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, Шаҳобов моҳи май бо ноболиғ шинос шуда, бо ӯ муносибатҳои маҳрамона доштааст. Мақомот иддао доранд, ки ӯ ин амалро бо телефони мобилӣ сабт карда, баъдан ба шиносҳояш нақл кардааст. Моҳи июл ва август боз се нафари дигар бо ноболиғ шинос шуда, тибқи фарзияи тафтишот, бо ӯ муносибати маҳрамона доштаанд. Нисбати ҳар чор нафар тибқи моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин модда барои алоқаи ҷинсӣ ва дигар амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахси ба 16-солагӣ нарасида аз 2 то 8 соли маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо пешбинӣ мекунад. Мавқеи боздоштшудагон дар бораи ин қазия то ҳол маълум нест. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010029 Sep 06:1513 Nov 11:1610229 Sep 06:15: 0 views13 Nov 11:16: 102 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
29 Sep 2026, 06:150
13 Nov 2026, 11:16102

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.