Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.7/day last 25 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

🇹🇯🇰🇬 Дар Суғд густариши ҳамкорӣ бо Бодкандро баррасӣ карданд 28 сентябр раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода намояндаи комилҳуқуқи президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамирҷон Раҳимовро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни минтақаҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистонро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба таҳкими эътимод, густариши робитаҳои байни минтақаҳои ҳаммарз ва фароҳам овардани замина барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» рӯзҳои 28–30 сентябр дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад. Дар он намояндагони минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва истифодаи имкониятҳои водии Фарғонаро баррасӣ мекунанд. Дар доираи форум масъалаҳои рушди устувор, иқтисод ва саноат, ҳифзи муҳити зист, эътимоди минтақавӣ, инчунин ташаббусҳои ҷавонон ва занон мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507528 Sep 11:4513 Nov 11:167828 Sep 11:45: 0 views13 Nov 11:16: 78 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Sep 2026, 11:450
13 Nov 2026, 11:1678

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.