Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.7/day last 24 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

📌 Кормандони толорҳои зебоӣ дар Тоҷикистон бояд аз ташхиси ВНМО гузаранд Дар Тоҷикистон кормандони толорҳои зебоӣ ва дигар марказҳои хизматрасонии соҳаи зебоӣ, ки мустақиман ба мизоҷон хизмат мерасонанд, бояд аз ташхиси ВНМО гузаранд ва маълумотномаи натиҷаи ташхис дошта бошанд. Ин талабот тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон №592 аз 28 августи соли 2026 муқаррар шудааст ва ҳоло амал мекунад. Талабот ба ороишгари нохунҳо, мутахассисони ислоҳи абрӯ, тозакунии рӯй ва бадан, инчунин мутахассисони холкӯбӣ (татуаж) ва пирсинг дахл дорад. Бе маълумотномаи дахлдор ба кор роҳ додани онҳо манъ аст. Ташхиси ҳатмии ВНМО барои бархе гурӯҳҳои дигар низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои шахсони гирифтори ВНМО, шахсони ҷарроҳишуда ё хунгузаронида, истеъмолкунандагони маводи нашъаовар тавассути сӯзандору, кӯдаконе, ки аз модарони гирифтори ВНМО таваллуд шудаанд ва кормандони соҳаи тиб. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки издивоҷ карданӣ ҳастанд, низ ташхиси ВНМО ҳатмӣ мебошад. Ин меъёр соли 2016 ба Кодекси оила ворид шуда буд. Барои навхонадорон ташхис дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ройгон гузаронида мешавад. Барои донорҳои хун ва дигар маводи биологӣ низ ташхис ройгон аст. Муҳлати додани маълумотнома низ тағйир ёфта, аз 10 рӯзи корӣ ба 5 рӯз кам шудааст. Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, то 1 сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 45 нафар гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шуда буданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507528 Sep 09:3713 Nov 11:167928 Sep 09:37: 0 views13 Nov 11:16: 79 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Sep 2026, 09:370
13 Nov 2026, 11:1679

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.