Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.7/day last 17 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⚡️ Мактаби №6-и Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот гузошта мешавад Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот, раиси пешини ВМКБ, гузошта шавад. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28 сентябр, зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ дар Хоруғ аз Алишер Мирзонабот ёд карда, ба падару модар ва наздикони ӯ бори дигар изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин ба падару модари Мирзонабот "барои ба камол расонидани фарзанди содиқу ватандӯст" изҳори сипос намуд. Ёдовар мешавем, ки субҳи 17 июн мошини хидматии Алишер Мирзонабот ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми роҳи Душанбе–Хоруғ, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз, ба дарёи Панҷ афтода буд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ҷасади Мирзонабот, ҳамсар ва ронандаву ёвари ӯ пайдо шуд. Аммо то имрӯз ҷасади духтари дусолаи ӯ пайдо нашудааст. 📲 Your.tj в ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510028 Sep 04:5013 Nov 11:168628 Sep 04:50: 0 views13 Nov 11:16: 86 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Sep 2026, 04:500
13 Nov 2026, 11:1686

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.