Дар Душанбе як размикори ММА-ро, ки дар Украина кушта шудааст, ба хок супурданд Рӯзи 23 сентябр дар Душанбе маросими видоъ ва дафни варзишгари ММА Фирдавс Салоҳов, маъруф бо лақаби «Фирдавс Киллер», баргузор шуд. Дар бораи ҳалокати ӯ дар ҷанги Русияву Украина рӯзи 3 август хабар дода шуда буд. Санаи дақиқи марги ӯ маълум нест. Ба иттилои Радиои Озодӣ, Салоҳов зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ буда, тақрибан 10 сол пеш ба Русия рафта, дар он ҷо ба ҳайси мураббӣ кор мекард. Гуфта мешавад, ӯ чанд моҳ пеш бо Вазорати дифои Русия шартнома баста ва ба ҷанг дар Украина рафтааст. Маълум нест, ки Салоҳов чӣ муддат дар майдони ҷанг қарор дошт. Тибқи маълумоти лоиҳаи давлатии Украина "Зистан мехоҳам" («Хочу жить»), аз оғози ҷанг қариб 13 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд. Ҳудуди 80 ҳазор зодаи кишварҳои минтақа низ дар Русия ба қайди ҳарбӣ гирифта шудаанд. Қонунгузории Тоҷикистон барои иштироки шаҳрвандони кишвар дар низоъҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 5 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 25 Sep 2026, 12:52 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 93 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.