Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.8/day last 20 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Як донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳиву металлургии Бӯстон бо гумони корд задани ҳамкурсаш боздошт шуд ВКД Тоҷикистон аз боздошти донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон хабар дод, ки ба корд задани ҳамкурсаш гумонбар мешавад. Ба иттилои вазорат, Алишер Ҳакимови 18-сола, сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 24 сентябр тақрибан соати 10:00 дар назди кӯли шаҳри Бӯстон бо ҳамкурси худ Акбархоҷа Саодатзода, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, муноқиша кардааст. Гуфта мешавад, Ҳакимов бо истифода аз корди хоҷагӣ ба Саодатзода ҷароҳати вазнин расонидааст. Дар робита ба ин ҳодиса нисбати Ҳакимов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ тибқи моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин модда аз 5 то 15 соли маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад. Ангезаи муноқиша ва назари ҳар ду тараф маълум нест. Вазорат ҳамчунин дар бораи вазъи саломатии Саодатзода маълумот надодааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010025 Sep 11:1413 Nov 11:169125 Sep 11:14: 0 views13 Nov 11:16: 91 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
25 Sep 2026, 11:140
13 Nov 2026, 11:1691

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.