Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.8/day last 20 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

💧 «Обу корези Душанбе» сабаби тағйири ранг ва бӯи обро дар Душанбе шарҳ дод Сокинони Душанбе аз тағйир ёфтани ранг ва бӯи оби нӯшокӣ хабар доданд. Корхонаи «Обу корези Душанбе» сабаби ин ҳолатро боришоти шадид дар минтақаҳои баландкӯҳи Варзоб арзёбӣ кардааст. Бар асари боришот сатҳи оби дарёи Варзоб боло рафта, ба он миқдори зиёди таҳшинҳо ва омехтаҳои табиӣ ворид шудаанд. Ин ҳолат муваққатан ба шаффофият, ранг ва бӯи об таъсир расонидааст. Ба иттилои корхона, дар ин замина дар иншооти обтаъминкунӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, назорат пурзӯр карда шудааст. Намояндагони Маркази санитариву эпидемиологии Душанбе низ сифати обро санҷидаанд. Дар озмоишгоҳи «Обу корези Душанбе» таъкид карданд, ки сифати об мунтазам назорат мешавад. Пас аз ба эътидол омадани вазъ дар манбаи об, нишондиҳандаҳо ба меъёрҳои муқарраршуда баргаштаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510025 Sep 10:5613 Nov 11:168325 Sep 10:56: 0 views13 Nov 11:16: 83 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
25 Sep 2026, 10:560
13 Nov 2026, 11:1683

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.