✈️ Ҳавопаймои Теҳрон — Душанбе пас аз бозгашт дубора тавассути Озарбойҷон ва Қазоқистон парвоз кард Ҳавопаймои ширкати эронии Varesh Airlines, ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз мекард, пас аз ҳодисаи рӯзи гузашта дубора ба Душанбе расид. Ба иттилои намояндагии ширкат дар Душанбе, ҳавопаймо соати 23:45 ба пойтахти Тоҷикистон фуруд омада, соати 01:00 ба Теҳрон баргаштааст. Ин дафъа ҳавопаймо барои расидан ба Душанбе аз фазои ҳавоии Озарбойҷон ва Қазоқистон истифода кардааст. Ҳамин масирро рӯзи 25 сентябр барои парвози Машҳад — Душанбе — Машҳад низ истифода карданӣ ҳастанд. Рӯзи 24 сентябр ҳавопаймои Varesh, ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз мекард, пас аз беш аз як соат парвоз маҷбур шуд ба фурудгоҳи Имом Хумайнӣ баргардад. Сабаб набудани иҷозаи Туркманистон барои убур аз фазои ҳавоии ин кишвар гуфта шуд. Намояндагии Varesh дар Душанбе ба Asia-Plus гуфтааст, ки ширкат барои иҷрои парвоз иҷозат доштааст, аммо Туркманистон ба убури ҳавопаймо иҷозат надодааст. Дар ширкат ин тасмимро ба таҳримҳои ахири ИМА алайҳи Эрон рабт додаанд. Тибқи маълумоти Flightradar24, ҳавопаймо рӯзи 24 сентябр 1 соату 8 дақиқа дар ҳаво қарор дошта, сипас ба Теҳрон баргаштааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 21 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 25 Sep 2026, 05:50 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 86 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.