🇰🇿 Дар Қазоқистон 25 сентябр ба хотири низомиёни ҳалокшуда мотами умумимиллӣ эълон шуд Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев 25 сентябрро ба хотири низомиёни дар баҳри Каспий ҳалокшуда рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кард. Фармони дахлдор дар сомонаи расмии «Оқорда» нашр шудааст. Ҳодиса рӯзи 24 сентябр зимни машқҳои низомии «Хазар қорғани-2026» дар бахши қазоқистонии баҳри Каспий рух додааст. Ба иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, бар асари бад шудани ногаҳонии вазъи ҳаво ва шамоли сахт як гурӯҳи низомиён ҳангоми иҷрои вазифаи таълимӣ баҳр бурдааст. Мақомоти Қазоқистон аз ҳалокати 9 низомӣ хабар додаанд. Дар маҷмӯъ 19 нафар ба баҳр афтода, 3 нафари онҳо наҷот дода шудаанд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад. Бар асоси маълумоти Ulysmedia.kz, то ҳол ҷасади 12 нафар аз об берун оварда шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис ёфтааст. Комиссияи Вазорати дифоъ таҳти роҳбарии вазир Даурен Косанов қазияро таҳқиқ мекунад. Дар машқҳо беш аз 500 низомӣ иштирок доштанд. Тибқи маълумоти Bes.media, «Қазгидромет» рӯзи 24 сентябр дар минтақа вазиши шамолро то 20 метр дар як сония пешгӯӣ карда буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 19 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 25 Sep 2026, 05:12 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 76 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.