Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.8/day last 5 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

«Шоҳин Эйрлайнз» як ҳавопаймои L-410 -ро вориди парки ҳавопаймоҳояш кард 24 сентябри соли 2026 ширкати ҳавопаймоии «Шохин Эйрлайнз» парки ҳавопаймоҳои худро бо як ҳавопаймои нави навъи L-410 пурра кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ворид шудани ҳавопаймои нав яке аз натиҷаҳои рушди авиатсияи граждании кишвар дар 35 соли истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таъкид мешавад, ки авиатсияи граждании Тоҷикистон сол ба сол рушд карда, такмил меёбад ва ҷуғрофияи парвозҳо васеъ мешавад. Ҳавопаймои нави L-410 барои анҷоми парвозҳо ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон, инчунин дигар минтақаҳои сайёҳӣ истифода хоҳад шуд. Интизор меравад, ки истифодаи ҳавопаймо ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва осон шудани ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ мусоидат кунад.

Views over time

02040608024 Sep 11:5613 Nov 11:167124 Sep 11:56: 0 views13 Nov 11:16: 71 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
24 Sep 2026, 11:560
13 Nov 2026, 11:1671

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.