Тоҷикистон ва Ҷазираҳои Сейшел созишномаи бекор кардани талаботи раводидиро имзо карданд Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҷазираҳои Сейшел созишнома дар бораи озод намудан аз талаботи раводидро барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумии хориҷии амалкунанда ҳангоми будубоши кӯтоҳмуддат ба имзо расониданд. Маросими имзои созишнома 23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Созишномаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ ва умури диаспораи Ҷумҳурии Ҷазираҳои Сейшел Берри Ҷуд Жан Фор имзо карданд. Дар маросим инчунин президенти Ҷазираҳои Сейшел Патрик Эрмини ҳузур дошт. Санади мазкур барои дорандагони категорияҳои зикршудаи шиносномаҳо ҳангоми будубоши кӯтоҳмуддат озод шудан аз талаботи раводидиро пешбинӣ мекунад. Дар ҷараёни маросим намояндагони ду кишвар ҳамчунин оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷазираҳои Сейшел табодули назар карданд.
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 9 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 24 Sep 2026, 11:40 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 84 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.