Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 927 Subscribers, last 30 days: 928 → 927 −2 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.8/day last 9 minutes ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Мо ҳар рӯз дар рафҳои мағозаҳо даҳҳо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшударо мебинем. Аммо кам иттифоқ меафтад, ки фикр кунем, дар паси бастаи шинос чӣ меистад: дар истеҳсолот кадом технологияҳо истифода мешаванд, кӣ барои сифат масъул аст, чанд нафар дар таҳияи маҳсулот саҳм мегиранд ва бренди маҳаллӣ пеш аз расидан ба дасти харидор кадом роҳро тай мекунад. Your.tj лоиҳаи нави махсуси TJ.BRAND — силсилаи филмҳо дар бораи брендҳои тоҷикӣ, истеҳсолот ва одамоне, ки онҳоро эҷод менамоянд, оғоз мекунад. Нахустин нашри ин лоиҳа ба SIYOMA Water бахшида шудааст. Мо ба ҷое рафтем, ки роҳи об аз ҳамон ҷо оғоз мешавад ва сипас аз корхонаи SIYOMA дидан кардем, то тамоми раванди истеҳсолотро аз манбаъ то шишаи омода пайгирӣ намоем. Дар филм нишон медиҳем, ки истеҳсоли муосири об дар Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, низоми чормарҳилавии тозакунии об чӣ гуна кор мекунад, чаро сифати об ҳар соат санҷида мешавад ва хатҳои автоматикунонидашуда бо зарфҳои пластикӣ, шишагӣ ва алюминӣ чӣ гуна кор мекунанд. https://your.tj/tj/siyoma-jake-az-brend-oi-muosiri-to-ikiston-ch-guna-sohta-meshavad-tj-brand-1/

Views over time

025507524 Sep 11:1313 Nov 11:167324 Sep 11:13: 0 views13 Nov 11:16: 73 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
24 Sep 2026, 11:130
13 Nov 2026, 11:1673

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.