Дар Душанбе марде ба азонихуд кардани 97,5 ҳазор сомонии як ширкат гумонбар мешавад Як сокини 37-солаи ноҳияи Сино дар азонихуд кардани маблағи ширкати «Антарес» гумонбар мешавад. Ҳаҷми зарари расонидашуда, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, 97 ҳазору 547 сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои вазорат, Ф. Худойназаров аз моҳи январи соли 2020 то феврали соли 2026 дар ин ширкат фаъолият карда, ба таҳия ва рушди сомона ва барномаи махсус барои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ машғул будааст. Гуфта мешавад, ӯ тавассути ин низом чиптаҳои ҳавопаймоиро ба мизоҷон фурӯхта, маблағҳои аз онҳо гирифташударо барои эҳтиёҷоти шахсӣ истифода мекардааст. Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Your Tajikistan
Subscribers
927
−2 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 5 minutes ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 24 Sep 2026, 09:48 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 90 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.