Мо ҳар рӯз дар рафҳои мағозаҳо даҳҳо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшударо мебинем. Аммо кам иттифоқ меафтад, ки фикр кунем, дар паси бастаи шинос чӣ меистад: дар истеҳсолот кадом технологияҳо истифода мешаванд, кӣ барои сифат масъул аст, чанд нафар дар таҳияи маҳсулот саҳм мегиранд ва бренди маҳаллӣ пеш аз расидан ба дасти харидор кадом роҳро тай мекунад. Your.tj лоиҳаи нави махсуси TJ.BRAND — силсилаи филмҳо дар бораи брендҳои тоҷикӣ, истеҳсолот ва одамоне, ки онҳоро эҷод менамоянд, оғоз мекунад. Нахустин нашри ин лоиҳа ба SIYOMA Water бахшида шудааст. Мо ба ҷое рафтем, ки роҳи об аз ҳамон ҷо оғоз мешавад ва сипас аз корхонаи SIYOMA дидан кардем, то тамоми раванди истеҳсолотро аз манбаъ то шишаи омода пайгирӣ намоем. Филмро тамошо кунед ва бифаҳмед, ки об чӣ гуна роҳеро аз чашмаи кӯҳӣ то шишае, ки мо ба даст мегирем, тай мекунад. https://youtu.be/CCQvcL67fU8